Соҳаи туризм дар шаҳри Гулистон сол аз сол рушд намуда, имкониятҳои мусоид барои истироҳату табобат фароҳам оварда мешавад. Сайёҳхони дохилию хориҷиро ба осоишгоҳҳои шаҳри Гулистон беҳтарин хизматрасониҳои табобати, нархҳои дастрас, наздик будани маҳалли осоишгоҳҳо ба Баҳри тоҷик, мафтун мекунад.
Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳад, ки теъдоди меҳмонони ташрифоваранда барои истироҳату табобат ба шаҳр сол то сол меафзояд ва дар як вақт имконияти қабул намудани 1044 нафар истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» мавҷуд аст.
Зимнан, ба минтақаҳои истироҳатии шаҳр илова ба истироҳаткунандагони ватанӣ, ҳамчунин сол аз сол сафи меҳмонону сайёҳони хориҷӣ меафзояд. Аз ҷумла, дар мавсими имсола 257 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 6263 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ барои истироҳат ва табобат ба осоишгоҳҳои шаҳри Гулистон ташриф овардаанд. Дар маҷмуъ тайи чор соли охир истироҳаткунандагони ватаниву хориҷӣ аз 17 млн. то 22 млн. сомонӣ дар осоишгоҳҳои мазкур сарф кардаанд.
Шумораи сайёҳон хориҷӣ ва ватанӣ
Ҳаҷми маблағи воридшуда дар соли 2015 аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ 6 млн. 102,3 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 282,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби туризми дохилӣ ворид шудааст. Дар маҷмуъ ҳиссаи туризм ба хизматрасонии пулакӣ дар ҳамин давра ба 11,3% баробар мебошад.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки агар ҷамъоварии маблағи андоз аз ҳисоби марказҳои табобатии солимгардонии шаҳр соли 2012-ум 4 млн. 445,5 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2015 бошад ин нишондиҳанда ба 7 млн. 492,9 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, ки дар натиҷа 59,3 маротиба ё ки ин нишондиҳанда ба маблағи 3 млн. 47,4 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Маблағи воридшуда аз тарафи сайёҳонӣ ватанӣ ва хоричӣ
Гуфта мешавад аз ҳисоби марказҳои табобатии солимгардонии шаҳр 6,7% ҳиссаи буҷети шаҳрро дар давоми соли 2015 таъмин намудааст. Бар илова туризм зиёда аз 389 нафар кормандонро бо кори доимӣ таъмин намудааст,ки музди маоши миёнаи онҳо 1507 сомониро ташкил медиҳад. Дар баробари афзудани шумораи кормандони осоишгоҳҳо ҳамчунин музди маоши онҳо низ рў ба афзоиш дорад. Исботи ин фикрро дар муқоиса дидан мумкин аст, ки дар соли 2012 маош ба 1237 сомонӣ баробар буд ва дар соли 2015 он ба 1667 сомонӣ расидааст.
Дар ҳамин ҳол коршиносон ба ин назаранд, ки имкон дорад, ки бахши сайёҳӣ дар шаҳри Гулистон аз ин ҳам натиҷаи беҳтар дошта бошад. Аммо чанд масъалае вуҷуд дорад, ки ҳалли онҳоро муҳим арзёбӣ мекунад.
Ҳоло дар минтақаи истироҳатии шаҳр сохтмони як қатор бино ва иншоотҳои истироҳатӣ ба роҳ монда шуда истодааст, ки барои ҷалби сайёҳон ба шаҳр мусоидат менамояд.
Тибқи таҳлилҳо оид ба дурнамои соҳаи туризм дар шаҳр то соли 2020 шумораи осоишгоҳҳо аз 10 адад зиёд ва теъдоди кормандон низ меафзояд. Гуфта мешавад, ки ба ин восита сафи истироҳаткунандагони хориҷию ватанӣ боз ҳам афзоиш хохад ёфт. Аз ин ҳисоб дар баробари зиёдшавии теъдоди осоишгоҳу кормандон ва истироҳаткунандагон, ҳамчунин музди маоши кормандони фароғатгоҳҳо низ зиёд хоҳад шуд.
