четверг, 22 сентября 2016 г.

ВОРИДОТИ МОЛХО


Идома ёфтани бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон, алалхусус дар кишварҳои асосии шарикони тиҷоратӣ ва таъсири ҳаргуна омилҳои беруна, аз қабили пастравии нархи молу ашёи хоми асосӣ дар бозори ҷаҳонӣ, баландшавии нархи молҳои озуқаворӣ, коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ нисбат ба асъорҳои хориҷӣ ва як қатор омилҳои дигари дохилӣ ба иқтисодиёти кишварамон боиси пастравии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, аз ҷумла коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, қурби пули миллӣ, хизматрасониҳои пулакӣ, даромадҳои пулию қобилияти харидории аҳолӣ ва даромадҳои буҷети давлатӣ гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳиссаи воридот дар гардиши савдои хориҷӣ ба 1499,7 млн.доллари ИМА ё 77,3% баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи 75,4 млн.доллари ИМА ё ба андозаи 4,8% кам гардидааст. Дар ин давра маҳсу󠆳лоти маъданӣ 20,5%  59,2 млн.доллари ИМА, санги фузулоти қимматбаҳо ва нимқиматбаҳо 98,8%  39,4 млн.доллари ИМА, маҳсулоти та йёри озуқа 34,7% ё 43,3 млн.доллари ИМА, чӯбу тахта ва маснуоти он 40,8%  39,4 млн.доллари ИМА, маҳсулоти растанӣ 18,6% ё 35,9 млн.доллари ИМА, маҳсулоти чорво 38,6% ё 13,7 млн.доллари ИМА, воситаҳои нақлиёт 10,2% ё 10,5 млн.доллари ИМА  ва ғайраҳо кам шудааст.
            Ҳамзамон, дар ин давра воридоти мошинолот ва таҷҳизот 41,0% ё 82,4 млн.доллари ИМА, фулузоти арзон ва маснуоти онҳо 20,6% ё 30,6 млн.доллари ИМА, газвори нассоҷӣ ва маснуоти онҳо 47,6% ё 9,4 млн.доллари ИМА, маҳсулоти саноатии кимиё 10,7% ё 16,6 млн.доллари ИМА, асбобу анҷоми оптикӣ ва тиббӣ 65,4%  ё 7,6 млн.доллари ИМА, резин ва маснуоти онҳо 15,3% ё 5,4 млн.доллари ИМА пойафзол ва каллапӯш 2,0 баробар  3,7 млн.доллари ИМА  ва ғайраҳо афзоиш ёфтааст.

            Дар ин давра қурби миёнавазнии асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари ИМА 7,8 сомониро ташкил дода, нибат ба ҳамин давраи соли гузашта (5,8 сомонӣ) 2,0 сомонӣ ё 33,8% ва нисбат ба қурби барои таҳияи буҷети соли 2016 пешбинишуда (6,96 сомонӣ) ба андозаи 0,83 сомонӣ ё 12,0% зиёд мебошад.

(бо ҳазор доллари ИМА)


           Тарози савдо манфӣ буда. барзиёдии воридот нисбат ба содирот 1060,3 млн.доллари ИМА ё 3,6 маротибаро ташкил медиҳад, ки он ба 38,0% ММД баробар мебошад.
       Қобили қайд аст, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2016 ба ҷумҳурӣ 46 мамлакати хориҷи дуру наздик ба маблағи 23489,7 ҳазор доллари ИМА ёрии башардӯстона расонидаанд, ки таносуби бештар аз рӯи ёрии башардӯстона ба Чин 26,3%, Руссия 19,4%, Ҳиндустон 9,3%, Покистон 5,8%, Сербия 5,4%, Қазоқистон 4,0%, Дания 3,7%, Олмон ва Ҷумҳурии Корея 2,9%, Туркия 2,8%, Беларус 2,7%, Швейтсария 2,6% ва ғайраҳо рост меояд. 

четверг, 15 сентября 2016 г.

ПЕШРАФТИ СОҲАИ САНОАТ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ШАШ МОҲИ СОЛИ 2016


Дар ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2016 ба маблағи 6363,2 млн.сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нибат ба ҳамин давраи соли 2015 (бо нархҳои муқоисавӣ) 947,7 млн.сомонӣ ё ин  ки 12,1% афзудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ
дар моҳҳои январ-июни соли 2016 (ҳаз.сомонӣ)


январ-июн
соли 2015
соли 2016
Ҳамагӣ
5415500
6363217
аз ҷумла:


саноати истихроҷи маъдан
684931
1138817
саноати коркард
3377653
3825295
истеҳсол ва тақсими қувваи барқ, газ ва об
1352916
1399105


Вазни қиёсии маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ММД дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ ба 29,0% баробар гардидааст.





Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 афзоиши истихроҷи маводҳои энергетикӣ, маводҳои ғайриэнергетикӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли чарм, маснуоти чарм ва истеҳсоли пойафзол, коркарди чӯбу тахта ва истеҳсоли маснуот аз чӯб, истеҳсоли маснуоти нафтӣ, соҳаи кимиё, истеҳсоли маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, истеҳсоли ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ, истеҳсоли воситаҳои нақлиёт ва дастгоҳҳо ва ғайраҳо мусоидат намуданд.