пятница, 21 июля 2017 г.

Натичаи татбики "Барномаи компютеркунонии муассисахои тахсилоти умуми барои солхои 2011-2015"


Соли 2015 дар Тоҷикистон марҳилаи сеюми компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ба анҷом расид. Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илм 3400 муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон бо 53556 адад компютер таъмин шудаанд. Аз рӯи нақша ба ҳар як компютер 15 хонанда рост меояд. Шумораи синфҳои компютерӣ бошад 3373-ро ададро ташкил медиҳад.
Вале то ҳанӯз мушкилоти зиёде дар ин самт боқӣ мондаанд, ки барои дастрасии хонандагон ва омӯзгорон ба технологияи муосир монеа эҷод мекунад. Махсусан дар ноҳияҳои Истиқлол, Масчоҳ, Тавилдара, Мурғоб ин мушкилот бештар ба назар мерасад. Мактабҳои ин ноҳияҳо пурра бо компютер муҷаҳҳаз нестанд ва бештари компютерҳо кӯҳна ё корношояманд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулини Вазорати маориф ва илм Барномаи комютеркунонии мактабҳо дар кишвар қариб 111 дарсад таъмин шудааст. Зебоҷон, яке аз хонандагони мактаби рақами 23-и ноҳияи Масчоҳ мегӯяд, ки мехоҳад доимо бо компютер кор кунад, вале дар хона копютер надорад ва ягона имконияти ӯ истифода аз компютерҳои мактабӣ аст. Аммо на ҳамеша чунин имкон мавҷуд аст. Синхрони Зебоҷон 


Тибқи иттилои масъулини Вазорати маориф ва илм 1441 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар бо интернет пайваст шудаанд. Аммо дар ноҳияҳои Қубодиён, Ҷилиқул, Вахш, Балҷувон, Восеъ, Муминобод ва Рашт то ҳол мактаб ба хати интернет пайваст нест. Корношоям шудан ва истифода баромадани компютерҳо барои мактабҳои зиёд муаммои нав эҷод намудааст. Тавре масъули Вазорати маориф ва илм дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки то ҳол тақрибан 1700 компютерҳои корношоям аз таъмир бароварда шудааст. Ва беш аз 6100 компютерҳои дигар то ҳанӯз дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд.
И.Дадохонов Масъули Вазорати маориф ва илм инчунин қайд кард, ки чанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон барномаи компютеркунониро 100% ичро кардааст.


Дар баробари норасоии компютер ва дастрасӣ ба интернет дар бархе аз мактабҳои Тоҷикистон мушкилоти ягона нест. Набудани омӯзгорони фанни информатика барои дастрасии хонандагон ба технологияи муосир монеаи ҷиддӣ ба миён меорад. Ин мушкилот бештар дар мактабҳои деҳаҳои дурдаст ба назар мерасад. Зебоҷон ва дугонаҳои ӯ орзу доранд, ки соли нави таҳсил мушкилоташон пурра ҳал хоҳад шуд. Ва онҳо монанди дигар ҳамсолони худ дар синфхонаи муҷаҳҳази комютерӣ нишаста, аз тамоми имкониятҳои технологияи муосир баҳраманд хоҳанд шуд.