среда, 18 мая 2016 г.
пятница, 13 мая 2016 г.
ТАДЖИКСКИЕ МИГРАНТЫ В РОССИИ
Доля
работающих таджикских мигрантов за рубежом сократилась с 84% в ноябре прошлого
года примерно до 75% в январе, но снова стала расти в марте.
В
период с января по март темпы возвращения мигрантов продолжали замедляться, и
доля возвращающихся в Таджикистан мигрантов снизилась примерно до 2%
существующей группы мигрантов по сравнению примерно с 4% в декабре.
Также
отмечается, что в январе реальная средняя величина денежных переводов по
сравнению с ноябрем, когда она была высока и составляла около 1,1 тыс.сомони,
сократилась примерно до 775 сомони, так как сезон трудовой миграции приближался
к завершению.
Согласно
данным Главного управления по вопросам миграции МВД России, по состоянию на
начало апреля этого года на территории РФ находилось свыше 878,5 тыс.граждан
Таджикистана. По сравнению с началом года численность таджикских граждан в
России увеличилось примерно на 2%.
Во
внешней трудовой миграции в основном принимает участие трудоспособное население
в возрасте 17-62 года –мужчины и 17-57 лет –женщины. Из общего количества
трудовых мигрантов 564,4 тысячи человек или 84,1% составили мужчины и 106,4
тысячи человек или 15,9%-женщины. По возрастной структуре в основном это
молодежь в возрасте 17-29 лет -262,8 тысячи человек или 39,6%. Лица в возрасте
30-39 лет составили 256,6 тысячи человек (38,3%) и 40 лет и старше составили
151,3 тысячи человек (22,6%).ос
вторник, 3 мая 2016 г.
"Пешрафти сохаи саноат дар шахр Гулистон"
Шањри Гулистон яке аз шањрњои саноатии љумњурї ба шумор рафта имрўзњо дар њудуди он 35 корхонањои саноатї фаъолият дорад. Ќайд кардан зарур аст, ки 26% њиссаи саноати вилояти Суѓдро дар давоми соли 2019 саноатчиёни шањри Гулистон таъмин намудаанд.
Дар замони истиқлолияти кишвар дар соҳаҳои гуногун хољагии халќии шањри Гулистон, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, коркарди маъдан ва металлҳои ќимматбањо, масолеҳи сохтмонї ва саноати хӯрокворӣ, мањсулотњои ќолину тафтингї, заргарї ва дигар мањсулотњои саноатию ниёзи мардум коркардва истењсол карда шуда истодааст.
Дар давоми 20 соли охир аз 13 корхонањо то 35 корхонаҳои саноатӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар соли 2019-ум хачми истеҳсоли махсулоти саноати 3,3 млрд. Ташкил дода, ки 106.0% нисбат ба соли гузашта барзиёд ичро гардид.
Аз тањлилњо бармеояд, ки агар ҳаҷми истењсоли маҳсулоти саноатӣ дар шањр соли 2000-ум 8 млн.946,7 њазор сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2020 ин нишондиҳанда ба 3,3 миллиард баробар шудааст, ки дар натиља 26 маротиба ё ки ин нишондињанда ба маблаѓи 2,4 млрд. зиёд гардидааст.
Пешрафти афзоиши истењсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби фаъолияти бомароми корхонањои ЉДММ КМ «Апрелевка» ваЉДММ «Корхонаи саноатии кўњии Тољикистону Хитой», ки 78% њаљми истењсоли мањсулоти саноати шањрро таъмин менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки музди маоши миёнаи кормандони корхонањои саноатии шањр соли 2019-ум 1982 сомонї буда, дар 20 соли охир 6,1 маротиба, ё ки ба 1950 сомонї афзудааст. Дар корхонањои саноатї аз њама маоши баландтарин 2343 сомонї дар ШСКТХ, 2194 сомонї дар ЉДММ КМ “Апрелевка”, 1954 сомонї дар НОБ ва 1225 сомонї дар ЉСП «Сидней Хуљанд» мебошад.
Дар соли 2020 бунёди 5 корхонањои саноатии хурду миёна ва коргоњи истењсолї бо таъсиси 124 љойњои нави корї ба наќша гирифта шудааст.
"Апрелевка" ва накши он дар рушди шахри Гулистон
Корхонаи ҶДММ КМ “Апрелевка” тўли 20 сол бо истихроҷи тилло ва нуқра машғул аст. Дар Тоҷикистон ин корхона бо дастгирии сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ фаъолияташро ба роҳ монда, зиёда аз 850 нафар аҳолиро бо кори доимӣ ва музди маоши баланд таъмин намудааст. 51% сармояи корхонаи мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон ва 49% ба Ширкати канадагии Gult тааллуқ дорад.
Айни замон коргох зиёда аз 450 кг тилло ва 1,5 тонна нуқра дар як сол истеҳсол мекунад. То соли равон коргоҳ дар ҳаҷми 100 млн. доллар сармоя барои рушди фаъолият ва зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот, аз он ҷумла васеъкунии корҳои геологӣ дар заминҳои нави дорои тилло ва нуқра равона сохта истодааст.
Моҳи сентябри соли 2002 дар ин корхона якумин сабикаи (слиток) тилло ба даст омад. Маҳсулоти асосӣ хулаи (сплав) тилло ва нуқраи “Доре” буда, баъдан дар заводи “Востокредмет” то ба даст омадани тиллои химиявии тоза, сифати тамгаи баландтарин (999,9) ва нуқраи тамгаи 999,5 коркард карда мешавад. Нархи як грамм тилллои ин навъ дар бозори ҷаҳонӣ тахминан 55$ ва нуқра бошад 15$-ро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон бори аввал таи чанд соли охир 2 ҳазору 50 кг тилло ба даст оварда шуда буд, ки нисбати соли 2009 – 690 кг зиёдтар буд. Дар солҳои баъдӣ, коркарди ин метали қиммат аз 1,8 тонна дигар боло нарафт.
Барои мукоиса ҳаҷми умумии тиллои Узбекистон дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол мекунад. Дар Ҷумҳурии Узбекистон ҳаҷми умумии истихроҷи тилло дар соли 2013 98 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба Тоҷикистон 96 тонна тилло зиёд истеҳсол мекунад.
ҶДММ КМ “Апрелевка”саҳми худро ба буҷети давлатӣ низ мерасонад ва танҳо соли 2015 бо назардошти андози иҷтимоӣ маблағи 6 млн 621,8 ҳазор сомонро ба буҷа ворид кардааст. Дар се соли охир ҳиссаи корхона ба буҷет ҳамагӣ 13% ташкил кардааст.
Ба ғайр аз ин, корхона бо мақсади обод гардонидани шаҳраки Консой ҳар сол ба маблағи аз 800 ҳазор то 1 млн.сомонӣ равона месозад. Алҳол саҳми корхона дар пешрафти нишондиҳандаҳои соҳаҳои хоҷагиии халқи шаҳр бориз буда, 34,0 ҳиссаи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти шаҳри Гулистонро ташкил мекунад.
Аз соли 2000-юм то ба имрўз теъдоди коргарон аз 184 нафар ба 870 нафар расида, беш аз 137 нафар бонувони аҳолӣ дар ин корхона фаъолияти пурсамар доранд, ки музди маоши онҳо ба 1954 сомонӣ мерасид, ки нисбат ба дигар корхонаҳои саноатии вилояти Суғд аз ҳама баландтарин ба ҳисоб меравад. Музди миёнаи меҳнат дар 15 соли охир 13 маротиба афзоиш ёфта, аз рӯи тафовут 1806 сомонӣ зиёд шудааст.
Тибқи дурнамо корхона нақша дорад, ки дар 3 соли минбаъда (2017-2019) афзоиши ҳаҷми истихроҷи тиллоро ба 540 кг ва нуқраро то 1950 кг расонад, яъне то 149 млн. 667,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекунад, Баробари ин шумораи ҷойҳои кории доимӣ то 50% зиёд шуда, ин нишондиҳандаҳои“Апрелевка” барои рушду нумӯи давлат мусоидат хоҳад кард.
Тибқи мактуби Кумитаи Агентии омори назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2013 дар бораи махфӣ кардани маълумоти истетҳсоли маҳсулоти тиллою нуқраи корхонаи Апрелевка тасдиқ карда шуд.
Подписаться на:
Комментарии (Atom)
