Дар шањри Гулистон дар давоми дањ соли охир (2005-2015) наќшаи ба ќисми буљети давлатї ба 5,9 маротиба афзоиш ёфта, буљети мањаллї 8,3 маротиба, ё ин ки 20 млн. 556,9 њазор сомонї афзудааст.
Воридоти ќисми даромади буљети давлатї нисбат ба соли 2005 то ба имрўз 6,1 маротиба афзоиш ёфта, ба маблаѓи 75 млн. 637,4 њазор сомонї зиёд гардид. Буљети мањаллї бошад 8,8 маротиба, ба маблаѓи 21 млн. 952,8 њазор сомонї расид. Дар натиља музди мењнати њармоњаи кормандон ва нафаќаи нафаќахўрон сариваќт пардохт мегардад.
Шањри Гулистон яке аз шањрњои дотатсионї дар вилояти Суѓд буда, 6,1 њиссаи буљети вилоятиро иљро мекунад.
Дар ин самт њаљми даромади давлатӣ дар дањ соли охир мунтазам зиёд гардида, ќисми харољоти доир ба дастгирии соњањои афзалиятнок, хусусан харољоти иљтимоӣ сол аз сол афзоиш меёбад.
Агар дар соли 2010 њаљми умумии харољоти соњањои иљтимоӣ 10,0 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин раќам дар соли 2015-ум ба 22,8 миллион сомонї расида, нисбат ба соли 2015 –ум 44 маротиба зиёд гардид.
Аз љумла, маблаѓгузории соњаи маориф 47,9 баробар, тандурустӣ 24,4 баробар, суѓуртаи иљтимої 1,2 баробар, хизматрасонии коммуналї 14,3 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар дањ соли охир шањри Гулистон аз буљети аз вилояти Суѓд субвенсия нагирифта, наќшаи буљетро дар ин муддат аз сад фисад барзиёд иљро кардааст.
Тибќи дурнамои даромадњо барои соли 2016 наќшаи андози буљети давлатї 89 млн.сомонї ва буљети мањаллї 25,4 млн.сомонї тасдиќ гардидааст.
Њадафи асосии сиёсати андозу сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захирањои молияи давлатӣ љињати ноилшавӣ ба њадафњои рушди иљтимоиву иќтисодии шањр мебошад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий