пятница, 7 августа 2020 г.

Хиссаи сармоягузорихо ба сармояи асоси нисбат ба мачмуи махсулоти дохили

Дар давоми се соли охир, хиссаи сармоягузорихо ба сармояи асоси бо фоиз такрибан дар сатхи 20% карор дошта, дар мукоиса бо кишвархои дорои суръати баланди рушди, ин нишондиханда он кадар назаррас нест. Барои дарки дарачаи таъсири сармоягузорихои давлати ба рушди иктисоди бояд ба динамикаи сармоягузорихо аз огози соли 2007 таваччухи махсус дода шуд, хангоме, ки хиссаи сармоягузорихо аз 15% нисбат ба ММД даргузашт. Дар вазъи киёсии сармоягузорихои давлати хам дар хачми умумии сармоягузорихо ва хам дар ММД пешкаш гардидаанд. Дар вокеъ, сатхи сармоягузорихои давлати дар Точикистон аз меъёрхои кишвархои рў ба иктисоди бозори оварда нисбатан баланд буда, сахми он дар рушди ММД назаррас мебошад. Ба хисоби миёна дар давоми солхои 2007-2017 вазни киёсии сармоягузорихо нисбат ба ММД дар хар як сол ба андозаи 0,4% афзудааст. Аммо бояд кайд намуд, ки дар давоми мархилаи зикргардида, хиссаи сармоягузорихои давлати дар хачми умумии сармоягузорихо аз нисфи хачми умумии он зиёд набуда, хадди аксари он (49,9%) дар соли 2011 ба даст омад. Пас аз он то соли 2015 хиссаи сармоягузорихои давлати дар хачми куллии онхо кохиш ёфт. Аз ин рў, сарфи назар аз сахми назарраси сармоягузорихои давлати дар ММД, онхо омили ягонаи рушди иктисоди ба хисоб намераванд. Яъне, ин далели он аст, ки хачми сармоягузорихои давлати, аз 50% зиёд намебошанд ва сармоягузорихои хусуси аз нисф зиёди сармоягузорихоро ташкил медиханд. Азбаски, сармоягузорихои хусуси дар рушди иктисодиёти Точикистон накши назаррасро ичро менамоянд, омузиши сохтори ин шакли сармоягузорихо ва муайннамоии кисмати онхо ба максад мувофик мебошад. Агентии омор ба таври расми маълумотхоро вобаста ба се намуди сармоягузорихои хусуси мунтазам интишор менамояд: сармоягузорихои хоричи, сармоягузорихои муштарак ва сармоягузорихои хусусии дохили. Тахлилхои иловаги аз он шаходат медиханд, ки хачми сармоягузорихои хоричи дар солхои охир нисбат ба сармоягузорихои дохили бартари доранд.

             



Ин маълумотхо аз он гувохи медиханд, ки накши сармоягузорихои хоричи дар давоми солхои охир нисбатан афзудаанд. Зимни мукоиса намудани вазни киёсии онхо бо ММД ва бо вазни киёсии хачми умумии сармоягузорихо, метавон кайд намуд, ки дар солхои 2015-2017 хачми онхо бо хачми сармоягузорихои давлати тахминан дар сатх карор дошт, аммо суръати афзоиши онхо нисбатан баландтар буд. Хамин тавр, дар давоми солхои 2012-2017 хиссаи сармоягузорихои хоричи ба ММД ба андозаи миёнаи 1 банди фоизи афзуда, хиссаи сармоягузорихои давлати бошад дар ин давра ба андозаи 0,5 банди фоизи афзудаанд. Аз ин хотир, бояд иброз дошт, ки хама омилхои каблан зикргардида, ба рушди иктисодии Точикистон таъсири муайяни худро гузоштаанд. Аммо, бо вучуди он, накши онхо бо мурури замон тагйир ёфт. Интиколхои пули таъсири худро мерасонанд, вале ин таассурот танхо аз тарафи талабот амали гашта, аз тарафи таклифот бошад он махдуд мебошад. Дар мавриди сармоягузорихои давлати кайд намудан ба маврид аст, ки накши онхо назаррас мебошад, аммо на халкунанда.

Дар давоми солхои охир накши сармоягузорихои хоричи нисбатан боло рафта, дар умум сармоягузорихои хусуси торафт накши мухимро дар иктисодиёти кишвар ичро менамоянд. Чунин афзоиш дар худ нуксонхо дорад ва сармоягузорихои хусусии дохили бошанд, дар иктисодиёт накш намоёнро ичро менамоянд. Бо вучуди ин, рушди устувор дар тўли соли зиёд аз ба максад мувофик будани чунин модели рушди гувохи медихад, махсусан дар мархилаи ташаккулёбии иктисоди бозори дар кишвар. Афзоиши сармоягузорихои хоричи аз он шаходат медихад, ки Точикистон сиёсати иктисодии миллиеро дунболагири менамояд, ки афзоиши сармоягузорихои хоричиро тахрик намуда, бар ин асос рушди тавлидро дар бахши вокеъ ва аз чумла, саноат таъмин менамояд. 




вторник, 4 августа 2020 г.

Саноатикунони -асоси рушди минбаъдаи иктисодиёт

Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон -2030 якчанд сенарияи рушдро пешбини менамояд, ки дар байни онхо «сенарияи саноатикунони» метавонад суръати нисбатан баланди рушди иктисодиётро таъмин намояд. Истифодаи ин сенарий тахмин менамояд, ки ба сифати мухаррики рушди иктисодиёти милли афзоиши  босуръати саноат дар асоси ба кор андохтани иктидорхои нав барои истехсоли кувваи барк, истихрочи маъданхо ва ангишт, такмили саноати сабук ва хўроквори, ташаккули металлургияи сиёх ва рушди минбаъдаи  металлургияи ранга, афзоиши маводхои барои сохаи сохтмон,  саноати сабук ва хўроквори баромад менамоянд. Бо максади хавасандгардонии рушди ин сохахо дар бахши вокеии иктисодиёт, ислохоти сохтори гузаронида шуда, барои таъмини ракобати одилона шароити мусоид фарохам оварда мешавад, монеахои нолозим, ки ба рушди бахши хусуси ва чалби сармоя таъсири манфи мерасонанд бартараф карда шуда, ба конунгузории амалкунанда тагйиру иловахо ворид карда мешавад.



Бо дарназардошти таъсиси шароити зарури барои рушди саноат дар шароити гузариш ба модели индустриали-аграрии рушди иктисоди, омўзиши хусусиятхои рушди онро дар солхои охир зарур мешуморем. Хусусияти мархилаи сеюми рушди иктисодиёти Точикистон дар он аст, ки рушди иктисоди дар микдори зиёди сохахо ба назар мерасад ва ин чода махсусан саноатро дар киёс бо дигар сохахо метавон чудо намуд. Омўзиши динамикаи тагйирёбии сохтори ММД дар давоми шаш сол охир аз он шаходат медихад, ки хиссаи саноат дар ин давра аз 12 то 17,3% афзудааст. 


Тибки омори хисоботхои милли андозхои гайримустаким ба нишондихандахои ММД дохил карда мешаванд. Кохишёбии хиссаи онхо метавонад чи дар натичаи тагйиротхои сохтори, яъне рушди афзалиётноки сохахое, ки гаронии андоз дар онхо кам ба назар мерасад ва чи дар натичаи ихтисори меъёрхои гайримустакими андозхо ба миён ояд. Аммо, ба хар хол кохишёбии хиссахои андозхо дар ММД хамчун нишондихандаи мусбии кохишёбии гаронии андоз ба иктисодиёт арзёби мегардад.
Муайяннамоии омилхои рушди иктисоди дар мархилахои мухталифи рушди иктисодии Точикистон  имконияти ба таври возех тахия намудани тадбирхои сиёсати иктисодиро ба миён оварда, метавонад ба рушди минбаъдаи кишвар мусоидат намояд. Инчунин, кайд намудан ба маврид аст, ки афзоиши ММД-ро танхо бо рушди омилхои истехсоли шарх додан кофи нест. Аз ин хотир, муайяннамоии сарчашмахои рушд дар худи саноат, барои дар оянда пешбурди сиёсати муносиби хавасандгардонии иктисоди зарур ба шумор меравад.