вторник, 4 августа 2020 г.

Саноатикунони -асоси рушди минбаъдаи иктисодиёт

Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон -2030 якчанд сенарияи рушдро пешбини менамояд, ки дар байни онхо «сенарияи саноатикунони» метавонад суръати нисбатан баланди рушди иктисодиётро таъмин намояд. Истифодаи ин сенарий тахмин менамояд, ки ба сифати мухаррики рушди иктисодиёти милли афзоиши  босуръати саноат дар асоси ба кор андохтани иктидорхои нав барои истехсоли кувваи барк, истихрочи маъданхо ва ангишт, такмили саноати сабук ва хўроквори, ташаккули металлургияи сиёх ва рушди минбаъдаи  металлургияи ранга, афзоиши маводхои барои сохаи сохтмон,  саноати сабук ва хўроквори баромад менамоянд. Бо максади хавасандгардонии рушди ин сохахо дар бахши вокеии иктисодиёт, ислохоти сохтори гузаронида шуда, барои таъмини ракобати одилона шароити мусоид фарохам оварда мешавад, монеахои нолозим, ки ба рушди бахши хусуси ва чалби сармоя таъсири манфи мерасонанд бартараф карда шуда, ба конунгузории амалкунанда тагйиру иловахо ворид карда мешавад.



Бо дарназардошти таъсиси шароити зарури барои рушди саноат дар шароити гузариш ба модели индустриали-аграрии рушди иктисоди, омўзиши хусусиятхои рушди онро дар солхои охир зарур мешуморем. Хусусияти мархилаи сеюми рушди иктисодиёти Точикистон дар он аст, ки рушди иктисоди дар микдори зиёди сохахо ба назар мерасад ва ин чода махсусан саноатро дар киёс бо дигар сохахо метавон чудо намуд. Омўзиши динамикаи тагйирёбии сохтори ММД дар давоми шаш сол охир аз он шаходат медихад, ки хиссаи саноат дар ин давра аз 12 то 17,3% афзудааст. 


Тибки омори хисоботхои милли андозхои гайримустаким ба нишондихандахои ММД дохил карда мешаванд. Кохишёбии хиссаи онхо метавонад чи дар натичаи тагйиротхои сохтори, яъне рушди афзалиётноки сохахое, ки гаронии андоз дар онхо кам ба назар мерасад ва чи дар натичаи ихтисори меъёрхои гайримустакими андозхо ба миён ояд. Аммо, ба хар хол кохишёбии хиссахои андозхо дар ММД хамчун нишондихандаи мусбии кохишёбии гаронии андоз ба иктисодиёт арзёби мегардад.
Муайяннамоии омилхои рушди иктисоди дар мархилахои мухталифи рушди иктисодии Точикистон  имконияти ба таври возех тахия намудани тадбирхои сиёсати иктисодиро ба миён оварда, метавонад ба рушди минбаъдаи кишвар мусоидат намояд. Инчунин, кайд намудан ба маврид аст, ки афзоиши ММД-ро танхо бо рушди омилхои истехсоли шарх додан кофи нест. Аз ин хотир, муайяннамоии сарчашмахои рушд дар худи саноат, барои дар оянда пешбурди сиёсати муносиби хавасандгардонии иктисоди зарур ба шумор меравад.  





Комментариев нет:

Отправить комментарий