среда, 3 августа 2016 г.

Окибатхои никохи хешутабори



Муҳаққиқон ва табибон исбот кардаанд, ки агар дар ҷисми зан ва шавҳар ягон бемории генетикӣ маҳфуз бошад, он гоҳ кӯдаки таваллудшуда метавонад солим бошад. Вале агар чунин як бемории генетикӣ дар ҷисми зану шавҳар вуҷуд дошта бошад, пас он боиси таваллуди кӯдаки носолим мегардад. Яъне, бемории генетикӣ бемории наслӣ буда, дар ҳолати издивоҷи хонаводагӣ метавонад боиси таваллуди тифли новолим гардад. Ҳамин тариқ, издивоҷи хонаводагӣ метавонад ҳатто боиси дар оянда аз байн рафтани як сулолаи солим гардад.
Ҳолати дуюм: инкишофи ҷанин аз як ҳуҷайраи солим ва аз як ҳуҷайраи тағйирёбанда вобаста аст. Дар ин ҳолат тифли солим ба дунё омада, метавонад ҳуҷайраи тағйирёбандаро дар вуҷуд нигоҳ дорад.
Ҳолати сеюм: ҳарду ҳуҷайраҳои ҷинсӣ (занон ва мардона) генҳои тағйирёфтаро дар худ маҳфуз медоранд. Дар ин сурат кӯдаки носолим ба дунё меояд. Чунки ҳуҷайраҳои носолиме, ки дар ҷисми падару модар маҳфуз буданд, дар ҷисми кӯдак фаъол мегарданд.
Чунин ҳодиса бештар дар издивоҷи хешутаборӣ баназар мерасад. Арӯсу домод пайванди хунӣ дошта, чунин алоқамандӣ метавонад боиси таваллуди кӯдаки носолим гардад. Ҳар қадар шумораи издивоҷи хешутаборӣ зиёд гардад, ҳамон қадар хатари таваллуд шудани кӯдакони носолим зиёд мешавад. Бинобар ин, дар аксари кишварҳои дунё издивоҷи хешутабории дараҷаи якум мамнӯъ эълон карда шудааст. Қонун издивоҷи фарзандони хешутабори дурро маҳкум намекунад. Вале дар баъзе аз мамлакатҳо ин намуди издивоҷ низ мамнӯъ аст.

Мувофиқи маълумотҳои Раёсати тандурустии вилояти Суғд то 1 январи соли 2015 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 7205 нафар кӯдакони маъюби то 18 сола сабти ном ва зери назорати кормандони тиб қарор доштанд. Яке аз сабабҳои таваллуд шудани кӯдакони маъюб издивоҷ байни хешовандон аст. Аз онҳо 1515 (21,0%) нафарашон аз волидоне таваллуд шудаанд, ки бо ҳам хешутабори наздик буданд.






Нишондиҳандаи кӯдакони маъюбӣ аз издивоҷи хешутаборӣ тавлидшуда, ба вижа дар 18 шаҳру ноҳияҳо баланд буда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа, аз ҷумла, табибон гардидааст. 





Таҷрибаи кории табибони шӯъбаи сурдологии Маркази саломатии шаҳри Хуҷанд исбот кардааст, ки яке аз сабабҳои ба бемории ношунавоӣ гирифтор гардидани кӯдакони низ издивоҷи хешутаборӣ мебошад.

Боназардошти ин, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки издивоҷи хешутаборӣ боиси ба дунё омадани кӯдакони носолим гардида, барои ояндаи неки тифлон халал эҷод мекунанд

Комментариев нет:

Отправить комментарий