четверг, 24 августа 2017 г.

ГАРДИШИ ПУЛ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ



Дар шароити гузариш ба низоми муносибатҳои бозорӣ ва раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт, масъалаҳои муҳиме пайдо мешавад, ки ба нақша нагирифтани онҳо барои рушди ҷомеа, монеа эҷод мекунад. Ин масъалаҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ, ба монанди суръати гардиши ММД шуғли пурраи аҳолӣ бо ҷойи кор, ҳиссаи содирот ва воридот, устувории низоми буҷет ва тағйирёбии қурбии асъор дар шароити иқтисодиёти кушод буда метавонанд.
       Бояд тазаккур дод, ки дар соли 2015 идома ёфтани низоъҳои геосиёсӣ боиси зиёдшавии хафҳои иқтисодию молиявӣ дар ҷаҳон гардида, ба суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳон, пеш аз ҳама, дар кишварҳои рӯ ба инкишоф, таъсири манфӣ расонид. Вазъи ноустувории сиёсӣ – иқтисодӣ ба тағйирёбии қурби асъор ва шохиси нархҳои ҷаҳонии ашёи хом, аз ҷумла болоравии қурби доллари ИМА ва коҳишёбии нархи нафт, инчунин  паст рафтани савдои ҷаҳонӣ сабаб гардид. Ҳолати бавуқуъпайваста бо дарназардошти мавҷудияти омилҳои хусусияти сохторию давридошта, ба ҷараёни маблағгузорӣ ва гардиши сармоягузориҳои хориҷӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф монеа гардида, фаъолнокии иқтисодиёти ҷаҳонро заиф намуд, ки дар навбати худ ин пастравии унсури талабот (хусусан сармоягузорӣ ва истеъмолот) таъсир мерасонад. Инчунин, дар натиҷа нархи молу ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ раванди поёнравиро соҳиб гардид, ки ин ба мувозинати ҳолати тавозуни пардохти аксари кишварҳои содироткунандаи ашёи хом таъсири манфӣ расонид.
Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими бозори асъор ва назорати асъор” ба ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ дастур дод, ки тамоми маблағҳои рубли русии ба номи шахсони воқеӣ аз хориҷа бе кушодани суратҳисоби бонкӣ воридшударо табдил намуда, ба мизоҷон танҳо пули миллӣ – сомонӣ пардохт намоянд. Ин пешниҳод барои устувор нигоҳ доштани мақоми пули миллӣ – сомонӣ ҳамчун воситаи ягонаи муомилоту пардохт ва ба танзим даровардани гардиши асъори хориҷии нақд дар кишвар, ба роҳ монда шудааст. Ҳолати қурби пули миллӣ – сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ то моҳи феврали соли 2017   боло рафта тамоюли беқурбшавии сомониро нишон медиҳад. 



Сабаби асосии якбора коҳиш ёфтани хоридории пули миллии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, пеш аз ҳама, вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон мебошад. Пурқуватшавии қобилияти хоридории доллари амрикоӣ ва евро боиси ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти ин давлатҳоро нишон медиҳад. Инчунин, коҳишёбии қурби пули миллӣ аз омилҳои зерин низ вобастагӣ дорад:
-кам шудани вориди асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз тамоми манбаҳо, аз он ҷумла аз ҳисоби кам шудани ҳаҷми интиқоли асъори пулии шахсони воқеӣ 33,3%;
-коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ;
-маҳдудшавии дастрасии ташкилотҳои қарзӣ ба қарзҳои асъории бонкҳои хориҷӣ;
-ноустувории рушди иқтисодиёти кишварҳои шарикони асосии савдо ва пастравии қурби пули миллии ин кишварҳо, бахусус Федератсияи Руссия ва Ҷумҳурии Қазоқистон;
 Яке аз нишондиҳандаи дигаре, ки ба иқтисодиёт таъсир мерасонад, ин ҳаҷми гардиши пул мебошад. Ҳаҷми гардиши пул ин кулли воситаҳои пардохтӣ, хоридорӣ ва пасандозҳое мебошанд, ки ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ ва давлат тааллуқ доранд. Тавассути ин гуна маблагғҳо, субъектҳои иқтисодӣ байни ҳамдигар амалиётҳои молию пулии худро ба роҳ монда, ҷараёни мубодилаи хизматрасониҳои гуногунро мавриди амал қарор медиҳанд.
 Дар натиҷаи рушду нумӯи истеҳсолот диверсификатсияи маҳсулот, гуногуншаклии хизматрасониҳо ва пайдоиши таҳаввули нави мубодила дар бозор, инчунин афзоиши талаботи аҳолӣ ба молҳои гуногуни ҳозиразамон, сохтор ва таркиби ҳаҷми пул тағйир меёбад.
Тағйирёбии суръати гардиши пул ба дигаргуншавии ҳолати пардохтпазири талабот таъсир мерасонад. Дар ҳолати доимо якхела будани гардиши мол, афзоиши суръати гардиши пул талаботи пардохтпазирро низ зиёд мегардонад ва ё баръакс. Зиёдшавии суръати гардиши пул аз як ҷониб, ҳаҷми пулро таъмин намуда, он метавонад ба таври мусбат ба гардиши мол таъсир расонад ва дар ин ҳолат талабот ба пул пурра қонеъ мегардад ва пулҳои иловагӣ бароварда намешаванд.
Аз ин лиҳоз, суст кардани суръати гардиши пул яке аз роҳҳои пешгирии сатҳи таваррум ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҶТ унсурҳои пулӣ дар солҳои 2006-2016 чунин мебошанд. 


Комментариев нет:

Отправить комментарий