Ҷиҳати
пайгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди нишондиҳандаҳои
макроиқтисодӣ назаррас буда, дар се моҳи соли ҷорӣ афзоиши воқеии ММД ба 7,0%
баробар гардида, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда 0,5% зиёд мебошад.
Ҳаҷми ММД бошад, дар ин давра ба 12,3 млрд.сомонӣ баробар
гардид, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 млрд.сомониро
ташкил дод.
Рушди
истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар як сари соҳаҳо таъмин гардида, афзоиши он нисбат
ба ҳамин давраи соли гузашта, аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ
13,1%, кишоварзӣ 11,85 аз ҷумла, гардиши моли чакана 5,0%, сохтмон 12,1%,
хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 1,2% ташкил додааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 1,0
млрд.долл.ИМА баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи гузашта 258,0 млн.долл.ИМА
ё 33,3% зиёд мебошад.
Дар гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи
содирот 243,2 млн.долл.ИМА ва ҳиссаи воридот ба 790,5 млн.долл.ИМА баробар
гардида, касри тарози савдои хориҷӣ 547,3 млн.долл.ИМА-ро ташкил менамояд.
Дар ин давра ҳаҷми умумии буҷети
давлатӣ бо назардошти қарзу грантҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ
ва маблағҳои махсус ба 4375,2 млн.сомонӣ баробар гардида, иҷрои нақшаи
нишондиҳандаи мазкур дар сатҳи 101,2% таъмин карда шуд.
Даромади ҷории буҷети давлатӣ дар
давраи ҳисоботӣ 102,6% таъмин гардида, ба он 3633,7 млн.сомонӣ ва нисбат ба нақша
92,5 млн.сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 473,8 млн.сомонӣ зиёд
мебошад.
Мақомоти андоз нақшаи даромади буҷетро
102,5% таъмин намуда, ба буҷет зиёда аз 2426,2 млн.сомонӣ маблағ ворид
намудааст, ки нисбат ба нақша 58,3 млн.сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли
гузашта 271,8 млн.сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет
1095,4 млн.сомонӣ ворид гардид, ки он 103,3%-и нақшаи пешбинишударо ташкил
медиҳад. Аз ин ҳисоб нисбат ба нақша 34,5 млн.сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи
соли сипаришуда 219,7 млн.сомонӣ бештар маблағ ворид гардид.
Нақшаи даромади буҷети суғуртаи
иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ дар сатҳи
102,5% таъмин карда шуд. Ҳаҷми воридоти маблағҳо ба 398,5 млн.сомонӣ расид, ки
он нисбат ба нақша 9,7 млн.сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,1
млн.сомонӣ зиёд мебошад.
Комментариев нет:
Отправить комментарий