вторник, 3 мая 2016 г.

"Апрелевка" ва накши он дар рушди шахри Гулистон






Корхонаи ҶДММ КМ “Апрелевка” тўли 20 сол бо истихроҷи тилло ва нуқра машғул аст. Дар Тоҷикистон ин корхона бо дастгирии сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ фаъолияташро ба роҳ монда, зиёда аз 850 нафар аҳолиро бо кори доимӣ ва музди маоши баланд таъмин намудааст. 51% сармояи корхонаи мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон ва 49% ба Ширкати канадагии Gult тааллуқ дорад.
Айни замон коргох зиёда аз 450 кг тилло ва 1,5 тонна нуқра дар як сол истеҳсол мекунад. То соли равон коргоҳ дар ҳаҷми 100 млн. доллар сармоя барои рушди фаъолият ва зиёдшавии истеҳсоли маҳсулот, аз он ҷумла васеъкунии корҳои геологӣ дар заминҳои нави дорои тилло ва нуқра равона сохта истодааст.















Моҳи сентябри соли 2002 дар ин корхона якумин сабикаи (слиток) тилло ба даст омад.  Маҳсулоти асосӣ хулаи (сплав) тилло ва нуқраи “Доре” буда, баъдан дар заводи “Востокредмет”  то ба даст омадани тиллои химиявии тоза, сифати тамгаи баландтарин (999,9)  ва нуқраи тамгаи 999,5 коркард карда мешавад. Нархи як грамм тилллои ин навъ дар бозори ҷаҳонӣ тахминан 55$ ва нуқра бошад 15$-ро ташкил медиҳад.














Дар Тоҷикистон бори аввал таи чанд соли охир 2 ҳазору 50 кг тилло ба даст оварда шуда буд, ки нисбати соли 2009 – 690 кг зиёдтар буд.  Дар солҳои баъдӣ, коркарди ин метали қиммат аз 1,8 тонна дигар боло нарафт.








Барои мукоиса ҳаҷми умумии тиллои Узбекистон дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол мекунад. Дар Ҷумҳурии Узбекистон ҳаҷми умумии истихроҷи тилло дар соли 2013  98 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба Тоҷикистон 96 тонна тилло зиёд истеҳсол мекунад.


ҶДММ КМ “Апрелевка”саҳми худро ба буҷети давлатӣ низ мерасонад ва танҳо соли 2015 бо назардошти андози иҷтимоӣ маблағи 6 млн 621,8 ҳазор сомонро ба буҷа ворид кардааст. Дар се соли охир ҳиссаи корхона ба буҷет ҳамагӣ 13% ташкил кардааст.


Ба ғайр аз ин, корхона бо мақсади обод гардонидани шаҳраки Консой ҳар сол ба маблағи аз 800 ҳазор то 1 млн.сомонӣ равона месозад. Алҳол саҳми корхона дар пешрафти нишондиҳандаҳои соҳаҳои хоҷагиии халқи шаҳр бориз буда, 34,0 ҳиссаи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти шаҳри Гулистонро ташкил мекунад.



Аз соли 2000-юм то ба имрўз теъдоди коргарон аз 184 нафар ба 870 нафар расида, беш аз 137 нафар бонувони аҳолӣ дар ин корхона фаъолияти пурсамар доранд, ки музди маоши онҳо ба 1954 сомонӣ мерасид, ки нисбат ба дигар корхонаҳои саноатии вилояти Суғд аз ҳама баландтарин ба ҳисоб меравад. Музди миёнаи меҳнат дар 15 соли охир 13 маротиба афзоиш ёфта, аз рӯи тафовут 1806 сомонӣ зиёд шудааст.


Тибқи дурнамо корхона нақша дорад, ки дар 3 соли минбаъда (2017-2019) афзоиши ҳаҷми истихроҷи тиллоро ба 540 кг ва нуқраро то 1950 кг расонад, яъне то 149 млн. 667,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекунад, Баробари ин шумораи ҷойҳои кории доимӣ то 50% зиёд шуда, ин нишондиҳандаҳои“Апрелевка” барои рушду нумӯи давлат мусоидат хоҳад кард.



Тибқи мактуби Кумитаи Агентии омори назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2013 дар бораи махфӣ кардани маълумоти истетҳсоли маҳсулоти тиллою нуқраи корхонаи Апрелевка тасдиқ карда шуд.

понедельник, 2 мая 2016 г.

Рушди иктисодиёти шахри Гулистон


Дар шањри Гулистон дар давоми дањ соли охир (2005-2015) наќшаи ба ќисми буљети давлатї ба 5,9 маротиба афзоиш ёфта, буљети мањаллї 8,3 маротиба, ё ин ки  20 млн. 556,9 њазор сомонї афзудааст.
          Воридоти ќисми даромади буљети давлатї нисбат ба соли 2005 то ба имрўз 6,1 маротиба афзоиш ёфта, ба маблаѓи 75 млн. 637,4 њазор сомонї зиёд гардид. Буљети мањаллї бошад 8,8 маротиба, ба маблаѓи 21 млн. 952,8 њазор сомонї расид. Дар натиља музди мењнати њармоњаи кормандон ва нафаќаи нафаќахўрон сариваќт пардохт мегардад.
        Шањри Гулистон яке аз шањрњои дотатсионї дар вилояти Суѓд буда, 6,1 њиссаи буљети вилоятиро иљро мекунад.

 
 
       Дар ин самт њаљми даромади давлатӣ дар дањ соли охир мунтазам зиёд гардида, ќисми харољоти  доир ба дастгирии соњањои афзалиятнок, хусусан харољоти иљтимоӣ сол аз сол афзоиш меёбад.
       Агар дар соли 2010 њаљми умумии харољоти соњањои иљтимоӣ 10,0 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин раќам дар соли 2015-ум ба 22,8 миллион сомонї расида, нисбат ба соли 2015 –ум 44 маротиба зиёд гардид.
       Аз љумла, маблаѓгузории соњаи маориф 47,9 баробар, тандурустӣ 24,4 баробар, суѓуртаи иљтимої 1,2 баробар, хизматрасонии коммуналї 14,3 баробар афзоиш ёфтааст.

 
 
 

Дар дањ соли охир шањри Гулистон аз буљети аз вилояти Суѓд субвенсия нагирифта, наќшаи буљетро дар ин муддат аз сад фисад барзиёд иљро кардааст. 
           Тибќи дурнамои даромадњо барои соли 2016  наќшаи андози буљети давлатї 89 млн.сомонї ва буљети мањаллї 25,4 млн.сомонї тасдиќ гардидааст.
         Њадафи асосии сиёсати андозу сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захирањои молияи давлатӣ љињати ноилшавӣ ба њадафњои рушди иљтимоиву иќтисодии шањр мебошад.